Ифтитоҳи бинои Суд дар ноҳияи Вахш! 23.10.2026

52 подписчика

12+
12+

день назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав

52 подписчика

12+
12+

день назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав
12+
12+

день назад

#Ифтитоҳи_бинои_Суд_дар_ноҳияи_Вахш 23.10.26 Ифтитоҳи бинои Суд дар н.Вахш Наттоқ: Фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, таъмиру навсозии биноҳои маъмурӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи замони муосир аҳамияти хос дорад. Чунин тадбирандешиҳо дар Суди ноҳияи Вахш ба назар расида баҳри кормандонаш шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамкорони мо вобаста ба ин мавзӯъ гузориш медиҳанд. Дар ноҳияи Вахш бинои маъмурии Суди ноҳия баъд аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ бо шароити муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аснои кушодашавӣ раиси ноҳия, Роҳбарияти Суди Олӣ, вилоят, ва дигар намояндагони мақомоти қудратӣ ширкат доштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом бо саҳми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва соҳибкорон амалӣ гардида, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони мақомоти судӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Бинои мазкур дар натиҷаи таъмири асосӣ пурра навсозӣ гардида, бо дарназардошти талаботи муосир омода карда шудааст. Дар рафти корҳои сохтмониву таъмирӣ ба беҳтар намудани ҳолати дохилӣ ва берунии бино, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва истифодаи имкониятҳои зарурии корӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Бинои маъмурии Суди ноҳияи Вахш аз 20 утоқи кории кормандон, толори маҷлисгоҳ, китобхона ва ошхона иборат мебошад. Ҳар яке аз ин ҳуҷраҳо барои фароҳам овардани муҳити муносиб ва ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами кормандони соҳа пешбинӣ шудааст. Мавҷудияти утоқҳои корӣ имкон медиҳад, ки кормандон вазифаҳои хизматии худро дар шароити мусоид иҷро намуда, масъалаҳои вобаста ба фаъолияти соҳаро дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ намоянд. Ҳамзамон, толори маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаву вохӯриҳои корӣ ва муҳокимаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти судӣ хизмат хоҳад кард. СИНХ: судяи Суди н.Вахш Дар баробари ин, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзиш ва такмили донишҳои касбӣ, дар бино китобхона низ ташкил шудааст. Мавҷудияти китобхона барои истифодаи адабиёти соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон имконияти иловагӣ фароҳам меорад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки зимни навсозии бино ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст, таъмини бехатарӣ мебошад. Бо ин мақсад, дар дохили бино камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд. Ин тадбир ба таҳкими низоми назорат ва таъмини бехатарии муҳити корӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, роҳравҳои бино бо шиору овезаҳои соҳавӣ таъмин гардида, дару тирезаҳои замонавӣ насб шудаанд. Дар маҷмӯъ, корҳои анҷомдодашуда ба беҳтар гардидани шароити дохилии бино ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои фаъолияти кормандон мусоидат намудаанд. Масъулони соҳа аз фароҳам омадани шароити муосири корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид мекунанд, ки беҳтар гардидани муҳити фаъолият барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ аҳамияти муҳим дорад. Ба андешаи онҳо, муҳайё будани шароити зарурӣ ба кормандон имкон медиҳад, ки бо масъулияти бештар фаъолият намуда, дар иҷрои уҳдадориҳои касбии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои навсозишудаи Суди ноҳияи Вахш низ дар ҳамин замина аҳамият дошта, барои ба роҳ мондани фаъолияти кормандон дар муҳити муосир имконият фароҳам меорад. Саҳми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон дар таъмиру навсозии бино намунаи ҳамкории сохторҳои дахлдор ва бахши хусусӣ дар самти беҳтар намудани шароити фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Интизор меравад, ки кормандони Суди ноҳияи Вахш бо истифода аз шароити фароҳамгардида фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, дар иҷрои вазифаҳои касбӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Название:

Ифтитоҳи бинои Суд дар ноҳияи Вахш! 23.10.2026

Категория:

Разное